Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

28 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани қабули шаҳрвандон, мулоқот бо фаъолони ноҳия ва ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят сараввал ба Ҷамоати деҳоти Меҳробод ташриф оварда, дар маросими ба истифода супоридани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Қароқазон иштирок намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ бо ташаббуси Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон ва дар ҳамдастӣ бо сокинони ҷамоат амалӣ гардида, бо ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ 288 хоҷагии ҷамоат бо об таъмин карда шуданд.

Фармоишгари корҳои сохтмонӣ  Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон  буда, пудратчӣ ҶДММ “Созанда-2012” мебошад. Дар иҷрои кори хайр ва бартарафсозии мушкили норасоии оби нӯшокӣ сокинони ҷамоат низ саҳми шоистаи худро гузоштанд ва барои амалишавии лоиҳа ба миқдори 1 200 000 сомонӣ маблағгузорӣ намуданд. Маблағи боқимонда, ки беш аз 5 000 000 сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, масъалаҳои мавҷудаи деҳот марҳила ба марҳила ҳал карда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон аз саҳмгузории сокинон дар корҳои ободонӣ хуш истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки мардуми созандаву бунёдкори ноҳия ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоёни таҳсин истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт