Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад

( 0 Овоз )

Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд чорабиниро Фирӯза Нуруллозода, муовинираиси шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, таъкид дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби аъзоёни Шўрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба шарҳу муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ бо фаъолони шаҳр мулоқоти васеъ барпо карда шавад.

Сипас, муовини раиси Суди иқтисодии вилоят Исмоилзода Раҳмоналӣ, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати андози вилояти Суғд Наимҷон Комилзода ва сардори шуъбаи прокуратураи вилоят Файзулло Таваккалзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Таъмин намудани рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин самт ҳамаи мо низ масъул мебошем.

Зикр гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатарии низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони бахши иқтисодӣ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад