Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд - 11.08.2020 08:02
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Конибодом - 11.08.2020 08:53
Бо қарори КМИР 68 комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил гардид - 10.08.2020 18:51
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид - 10.08.2020 17:11
Суханронии яке аз сагбачаҳои «Гуруҳи -24» нисбати хиёнаткорихои наҳзат ва кабирии палид - 10.08.2020 16:58
САНОАТИКУНОНӢ- ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ҶДММ «Меваи Канд» ба маблағи 795 ҳазору 617 сомонӣ маҳсулот содирот кард - 10.08.2020 17:01
Ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар Ашт - 10.08.2020 16:53
Баргузории машварати августии омӯзгорон дар шаҳри Исфара - 10.08.2020 16:51
Деваштич. Ба муносибати Рӯзи варзишгарон чорабинии идона доир гардид - 10.08.2020 16:33
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон - 10.08.2020 13:36

Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )

19 - уми июни соли равон шаҳраки навбунёди Сайҳун 512 нафар сокини эҳтиёҷманди 10 шаҳру ноҳияи вилоят соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода дар ин чорабинӣ ширкат варзида, кулли эҳтиёҷмандони соҳиби қитъаи заминшударо ба ин рӯзи нек аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт.

Мавсуф зикр дошт, ки ин тадбир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилоят амалӣ мегар-дад.

Бояд таъкид дошт, ки дар шаҳраки Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Ин навбат 512 оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Сокинони соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос  намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд