Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46

Пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” бо 400 000 сомонӣ аз таъмир бароварда шуд

( 0 Овоз )

9 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” боздид намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини кишоварзон бо оби полезӣ ва дубора ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳову ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии роҳбарияти вилоят барои азнавсозии пойгоҳи мазкур 400 000 сомонӣ ҷудо гардид.

Дар натиҷа пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1”, аз ҷумла бинои иншооти обрасонӣ ва агрегатҳои он дар як муддати кутоҳ аз таъмир бароварда шуда, ба масофаи 300 метр қубурҳои нав хобонида шуд. Айни замон тавассути ин пойгоҳ садҳо гектар заминҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров обёрӣ гардида, деҳқонон бо дили гарм ба парваришу нигоҳубини зироатҳо машғул мебошанд.

Раиси вилоят дар аснои боздид таъкид дошт, ки таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ гарави фаровонҳосилӣ буда, масъулинро зарур аст, ки фаъолияти мунназами пойгоҳҳои обкаширо таъмин созанд.

Сипас, Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳасанбой Салимови ноҳия нашъунамои пахтаро мушоҳида намуд. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, саҳмдорони ин хоҷагӣ имсол дар 11 гектар пахта кишт карда, ният доранд, ки ҳосили хуб ба даст оваранд. Деҳқонони хоҷагӣ имсол ҳамчунин 3 гектар гандум, 3 гектар пиёз, 1 гектар беда ва 1 гектар тухми пиёз кишт намудаанд.

Раиси вилоят бо кишоварзон суҳбат намуда, аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланд аз имкониятҳои мавҷуда самранок истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” бо 400 000 сомонӣ аз таъмир бароварда шуд