Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46

Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Рӯзи 26 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.

Дар ин рӯз Раиси вилоят сараввал ба ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия ташриф оварда, раванди корҳои агротехникӣ ва нашъунамои пахтаро мушоҳида намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, имсол кишоварзони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 1618 гектар пахта, 146 гектар гандум, 106 гектар пиёз, 307 гектар шолӣ, 40 гектар картошка, инчунин помидору сабзӣ ва полезиҳо кишт кардаанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон зикр кард, ки ба даст овардани ҳосили фаровон аз риояи қоидаҳои агротехникӣ вобаста буда, деҳқононро зарур аст, ки ба парваришу нигоҳубини зироатҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо вазъи пойгоҳи обкашии “Хоҷабоқирғон-1” шинос гардид. Пойгоҳи мазкур 24 агрегат дошта, нуҳ агрегати он омодаи кор аст. Тавассути ин пойгоҳи обкашӣ 14 000 гектар заминҳои ноҳия обёрӣ карда мешавад. Дар аснои шиносоӣ Раиси вилоят бо масъулин дастур дод, ки барои ба кор андохтани тамоми агрегатҳои пойгоҳи обкашӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд. Зеро бидуни сероб намудани заминҳо ва таъмини кишоварзон бо оби полезӣ наметавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин бо рафти ҷамъоварии помидор шинос гардида, бо деҳқонони пуртаҷрибаи ҷамоат суҳбат орост. Тавре зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, дар ҷамоати мазкур дар 200 гектар помидор парвариш карда мешавад ва ҳосили пухтарасида дар бозорҳои вилоят харидорони сершумори худро дорад.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят ҳамзамон ҷараёни ҷамъоварии пилларо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба пиллапарварони беҳтарини ҷамоат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд










Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров