Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Дар вилоят аввалин Маркази савдои маҳсули ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфт

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Маркази савдои маҳсули ҳунарҳои миллӣ, ки ба тозагӣ дар шафати бозори “Сомон” таъсис ёфтааст, боздид намуд.

Маркази савдои маҳсули ҳунарҳои миллӣ аввалин маркази фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон дар вилоят маҳсуб ёфта, он дар асоси нақшаи чорабиниҳои марбут ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардидааст.

Дар аснои боздид аз дӯконҳои Маркази савдо ва суҳбат бо ҳунармандону соҳибкорон Раиси вилоят таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, хосатан занон ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карданд, ки ин ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Раиси вилоят ҳамзамон аз рушди ҳунармандӣ дар вилоят ёдовар шуд ва иқдоми соҳибкорону ҳунармандонро дар самти таъсиси маркази махсуси фурӯши маҳсулот амри саривақтӣ арзёбӣ кард. Ба масъулин ва роҳбарияти Ассотсиатсияи ҳунармадони вилоят дастур дода шуд, ки барои сари вақт ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ҳунармандон, истеҳсоли бештари маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти онҳо, ба хатсайри боздиди сайёҳону гардишгарон ворид сохтани Маркази савдо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавре аён гардид, дар дӯконҳои Маркази савдо кулолгарону сабадбофон, пойафзолдӯзону адрасбофон, оҳангарону ҳайкалтарошон, гаҷкорону армуғонсозон маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштаанд.

Дар Маркази савдо инчунин ташкили растаҳои нав низ идома дорад ва дар назар аст, ки дар он ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар вилоят аввалин Маркази савдои маҳсули ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфт