Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Суғд: Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даҳаи сеюми моҳи май Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби либосҳои аз матои табиӣ омодашуда бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ доир хоҳад шуд.

Дар фестивал ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд. Дар вақти баҳодиҳӣ нишондодҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

-Беҳтарин либоси кӯдакона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси расмӣ (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси рӯзмарра (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси идона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассомон (1 ҷой);

-Беҳтарин матои атлас (1 ҷой);

-Беҳтарин матои адрас (1 ҷой).

Ба ғолибони фестивал аз 800 то 1500 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад