Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:27
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 29.09.2020 16:24
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:18
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» барои 600 ҷойро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 29.09.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:08
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор озмунҳои вилоятӣ эълон менамояд - 29.09.2020 08:51
«Зан ва интихобот: «Ояндаро бо ҳам месозем» - баргузории мулоқоти судманд бо ҳузури бонувони фаъол - 29.09.2020 08:33
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 29.09.2020 08:28

Мулоқоти Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурўҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи номбурда Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандон ва масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии шаҳр, котибони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадалиев зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода иброз дошт, ки забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар шаш ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо тибқи талаботи қонун комиссияҳои татбиқи забон фаъолият доранд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода доир ба натиҷаҳои кори гурўҳи корӣ иттилооъ дода, зикр намуд, ки бояд дар тарғибу ташвиқи мақоми забони давлатӣ теъдоди тоблуву овезаҳо бештар бошанд. Ҳамзамон, доир ба маводи дастуротии омоданамудаи Кумита роҷеъ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масоили марбут ба татбиқи Қонуни забон дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Иштирокчиёни мулоқоти судманд Обиддин Ваҳҳобов, корманди Шабакаҳои барқи Суғд, Сурайё Гадоева, сарвари гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба тарҷумаи луғатҳои техникӣ, забони васоити ахбори омма, телевизион ва радио, инчунин ташкили барномаҳои ҷолиби имлошиносӣ ва монанди ин ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон