Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: беш аз 75 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб намудаанд

( 0 Овоз )

Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни интихоби муассисаҳои таълимии олии мамлакат, аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ба Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 75 331 ҳуҷҷат супорида шудааст.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, ин нишондиҳанда аз 1 март то 30 апрели соли 2019 (дар асоси коркарди аввал) пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюм касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст.

Довталабон дар кластери якум ба ихтисосҳои информатика, математика, дар кластери дуюм ба ихтисосҳои кори бонкӣ, география, дар кластери сеюм ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, дар кластери чорум ба ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ ва дар кластери панҷум ба ихтисосҳои биология, химия, биология ва химия, кори тиббӣ-биологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: беш аз 75 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб намудаанд