Хабарҳо
Хуҷанд: Шоми дирӯз тавассути 20 адад техника ва 70 тонна маводи гидрохлориди натрий шаҳрро безарар гардониданд - 04.06.2020 16:45
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Масъулини шаҳри Гулистон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки​ қоидаҳои беҳдоштиву санитариро риоя намоянд - 04.06.2020 14:33
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
НИҚОБ ПӮШЕД, ФОСИЛАИ БАЙНИ ЯКДИГАРРО РИОЯ НАМОЕД! Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 04.06.2020 11:47

12 апрел Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,​ даъвати панҷум доир мешавад

( 0 Овоз )

12 апрели соли 2019, соати 9:00 дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,​ даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилоят ба тасвиб расид.

Ба баррасии иҷлосияи ҳаҷдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии «Зафаробод», № 49;

-оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар вилоят;

-ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет;

-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон», № 17 Ғафурова Заррина Абдуллоҷоновна​ оид ба рафти​ иҷрои​ ваколати вакилӣ;

-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020»;

-дар бораи тасдиқ намудани қарори Маҷлиси вакилони халқи​ ​ шаҳри Истаравшан аз 16 апрели соли 2018, №193​ «Оид ба тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр аз 10 апрели соли 2018, №119 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси​ шаҳри Истаравшан аз 30 марти соли 2011, №192» ва қарори Маҷлиси вакилони халқи​ ноҳияи Шаҳристон аз 16 апрели соли 2018, №298​ «Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси ноҳия аз 4 апрели соли 2018, №188 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 28 апрели соли​ 2011, №113» оид ба гузариши хатти сарҳади байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон;

-тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 12 апрел Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,​ даъвати панҷум доир мешавад