Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Маҷлиси фаъолони вилоят баргузор гардид

( 4 Овоз )

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, сарварони шӯъбаю раёсатҳои вилоятӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои бузургу миёна, соҳибкорон, кормандони васоити ахбори омма маҷлиси фаъолони вилоят доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродулло Алимардон ширкат дошт.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода маҷлиси фаъолонро ифтитоҳ намуда гуфт, ки дар рӯзномаи ҷаласа асосан ду масъала - ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву

иҷтимоии вилоят дар соли 2012-ум ва вазифаҳо дар соли равон, ҳамчунин ҷамъбасти озмунҳои вилоятӣ дар назар дошта шудааст.
Аз рӯи масъалаи асосии рӯзнома "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2012-ум" муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов маърӯза кард. Гуфта шуд, ки соли рафта дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Пеш аз ҳама, маърӯзачӣ ба таъмини иҷрои босифати нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ таваққуф намуд. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2012-ум 105,7 фисад таъмин гардида, ба хазина 766 миллион сомонӣ маблағ интиқол дода шуд, ки 41,5 миллион сомониаш даромади иловагӣ мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 170 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ҳам 105,7 фисад таъмин гардида, ба хазина 725 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Бо вуҷуди андешидани чораҳои мушаххас баъзе шаҳру навоҳии вилоят аз 1 то шаш намуди нақшаи андозро таъмин карда натавонистанд.
Маърӯзачӣ соҳаҳои асосии хоҷагии халқи вилоятро таҳлил карда, аз ҷумла гуфт, ки соли 2012-ум корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 3666848,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Аз 288 корхонаи саноатӣ 218 ё 75,7 фоизаш дар истеҳсоли маҳсулот соли рафта ба сатҳи соли 2011 расиданд. Аммо 69 корхона аз дараҷаи соли 2011 кам маҳсулот баровард. Дарозои соли рафта дар қаламрави вилоят 102 коргоҳҳои хурду миёна мавриди истифода қарор гирифтанд ва бештар аз 3900 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Мубинҷон Мӯъминович дар хусуси дастовардҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, минҷумла, сохтмони асосӣ, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нигаҳдории тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, маъракаи ҳаҷ-2012, фаъолияти кумитаю раёсатҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вазъи ҷинояткорӣ ҳарф зад. Аз ҷумла таъкид гардид, ки буҷети вилоят буҷети иҷтимоӣ буда, қисми бештари маблағ барои маоши кормандони соҳаҳои мухталиф масраф мегардад. Боиси зикр аст, ки дар санаи якуми январи соли 2013 нафақагирони вилоят маблағашонро барои соли рафта пурра гирифтаанд.
Маърӯзачӣ рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳлил намуда, гуфт, ки Раиси вилоят давоми соли рафта дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳӣ маъракаи қабули шаҳрвандонро доир намуд ва аз тарафи Қоҳир Расулзода қариб 4000 нафар бошандагони шаҳру ноҳияҳо пазируфта шуданд. Бояд гуфт, ки дар се соли охир, ки бо супориши Сардори давлат маъракаи қабули шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси вилоят бо аҳолии маҳалҳо гузашта истодааст, масъалаҳои зиёд баррасӣ ва ҳалли мусбати худро ёфтанд. Барои ҳалли муаммоҳое, ки бошандагони шаҳру навоҳӣ ба миён мегузоранд, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин маврид қабули нақша-чорабиниҳо барои солҳои минбаъда низ самараовар мебошанд. Қайд кардан месазад, ки барои ҳалли мушкилаҳои мардум дар се сол аз ҳамаи сарчашмаҳо бештар аз 92,6 миллион сомонӣ маблағ масраф карда шуд.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар мавриди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сабабҳои ғайриқаноатбахш амал кардани баъзе коргоҳҳо, бунёди корхонаҳои зиёди коркарди пахта дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод, кам будани коргоҳҳои хурди банду басти меваи хушк, назар ба имкониятҳо кам содир шудани меваю сабзавот ба хориҷи кишвар, монеаҳои сунъӣ барои фаъолияти соҳибкорон ва ғайра эроди ҷиддӣ гирифт ва масъулинро вазифадор кард, ки баҳри ислоҳи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта тадбирҳои судманд андешанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз фаъолияти яксолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маркази вилоят ва сохторҳои он гузориш дод. Раиси вилоят нисбати шаҳрдорон эрод гирифт, ки бо вуҷуди таъминоти садфисада бо барқ аҳолии шаҳр ҳамагӣ 85 фоизи маблағи барқи истифодашударо пардохтааст.
- Ба қарибӣ, - гуфт Раиси вилоят, - Маҷлиси вакилони халқи шаҳр буҷети маркази вилоятро қабул кард. Аммо боиси таассуф аст, ки дар он барои рушди варзиш, ки вақтҳои охир аз ҷониби Сардори давлат таваҷҷӯҳи алоҳида дода мешавад, ҳамагӣ 7700 сомонӣ маблағ пешбинӣ кардаанд. Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон бо сабабҳои мухталиф кашол меёбад. Роҳбарияти шаҳр бояд баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои мушаххас андешад.
Ба Иброҳим Абдуллоев- раиси шаҳри Истаравшан ҷиҳати зиёд будани бақияи қарзи андоз дар шаҳр, мувофиқи талабот набудани таъмини иҷрои хоҳишу дархости шаҳрвандон, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 693 гектар замини обӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
- Барои рӯйпӯш кардани пардохти маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба Истаравшан аз ҳисоби буҷети вилоят дар анҷоми сол як миллион сомонӣ равона карда шуд, - гуфт Раиси вилоят. - Магар ин ба шаъни шаҳрдорон зебанда аст?
Нишондиҳандаҳои ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Исфара боиси ифтихор аст. Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиров бештар аз камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта ҳарф зад. Қоҳир Расулзода иқдоми соҳибкорони шаҳри Исфараро дар бобати ташкил кардани 8 коргоҳи банду басти меваи хушк ҷонибдорӣ кард ва роҳбарони шаҳру навоҳии дигарро водор намуд, ки аз онон ибрат гиранд. Масъалае нест, ки роҳи ҳаллашро наёбем. Раиси вилоят дар бобати тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон, ки дар шаҳри Исфара ҳам пурра ҳал нашудааст, таваққуф карда, гуфт, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ замини зарурӣ баъди таку-давҳои роҳбарияти шаҳр ҷудо шуд ва алҳол барои тақсимоти он корҳои омодагӣ рафта истодаанд.
Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизов ҳам аз рафти корҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия гузориш дод. Раиси вилоят аз раиси ноҳия сабабҳои кашолкориро дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ки масъалаи муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад, пурсон гардид. Илова бар ин дар ноҳия бештар аз 6000 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Роҳбарияти ноҳия супориш гирифт, ки дар ин бобат чуқуртар андеша кунад ва нуқсонҳоро сари вақт бартараф намояд.
Аз Содиқҷон Мирхолиқов - раиси ноҳияи Бобоҷон Fафуров камфаъолиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус сабаби иҷро нашудани нақшаи пахтасупории ноҳия пурсида шуд. - Ба ғайр аз ин, - гуфт Раиси вилоят, - ҳосилнокии зироатҳои асосӣ дар ноҳия хеле паст аст. Хоҷагиҳои ҷамоавӣ аз ҳар гектар гандумзор ҳамагӣ 11-сентнерӣ ҳосил ғундошта бошанд, аҳолӣ, ба ҳисоби миёна ҳосилнокиро ба 40-сентнерӣ расондааст. Дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар 60 фисади замини обӣ, ки ба фермаи ширию молӣ мутааллиқ аст, пиёз коридаанд. Нигоҳубини чорвои ҷамъиятӣ аз мадди назар дур мондааст. Дар натиҷа дар як сол 400 сар моли майдаи хоҷагӣ кам шудааст.
Дар шаҳри Панҷакент низ дар соли ҳисоботӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Вале раиси шаҳр Хусрав Абдуназаров ва роҳбарияти шаҳру ноҳияро зарур аст, ки баробари пешбурди корҳои дигар баҳри афзун намудани истеҳсоли картошка тадбирҳои аниқ андешанд. Бо супориши Сардори давлат соли 2013-ум панҷакентиён бояд 100 ҳазор тонна чунин маҳсулоти серхаридорро истеҳсол кунанд.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз раисони ноҳияҳои Мастчоҳ - Мирзоаҳмад Аҳмадзода, Зафаробод - Рустам Раҳматов, Fончӣ - Зуфар Исмоилов ва дигарон талаб кард, ки дар соли 2013-ум аз камбудиҳои соли пешин хулоса бароварда, дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастовардҳоро афзун намоянд.
Сардори Раёсати андози вилоят Нарзулло Маликов ва сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзоев вазифадор карда шуданд, ки таъмини иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ ва хароҷоти бомақсади онро зери назорати қатъӣ гиранд.
- Соли равон, - гуфт Раиси вилоят, -соли воқеаҳои муҳими сиёсӣ буда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бояд комёбиҳоямонро афзун намоем. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон сипосгузории Ҳукумати кишварро ба фаъолони вилоят нисбати фаъолияти самарабахш дар соли 2012 иброз намуда, дар бораи вазифаҳои минбаъда сухан кард.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар назди фаъолони вилоят барои афзун намудани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят вазифагузорӣ кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Маҷлиси фаъолони вилоят баргузор гардид