Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд

( 0 Овоз )

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарбозони далери ватанро бо солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Гузашти низомии хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд.


ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд