Хабарҳо
ЛИЧНАЯ И ПОЛИТИЧЕСКАЯ СУЩНОСТЬ КАБИРИ – ПРЕДАТЕЛЬСТВО - 11.08.2020 06:04
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид - 10.08.2020 17:11
Суханронии яке аз сагбачаҳои «Гуруҳи -24» нисбати хиёнаткорихои наҳзат ва кабирии палид - 10.08.2020 16:58
САНОАТИКУНОНӢ- ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ҶДММ «Меваи Канд» ба маблағи 795 ҳазору 617 сомонӣ маҳсулот содирот кард - 10.08.2020 17:01
Ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар Ашт - 10.08.2020 16:53
Баргузории машварати августии омӯзгорон дар шаҳри Исфара - 10.08.2020 16:51
Деваштич. Ба муносибати Рӯзи варзишгарон чорабинии идона доир гардид - 10.08.2020 16:33
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон - 10.08.2020 13:36
Саҳми сохтмончиён дар бунёди иншооти гуногун назаррас аст - 10.08.2020 09:39
Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд - 07.08.2020 18:27

Мулоқоти кории намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара

( 0 Овоз )

31 октябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони ду давлат  баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Орозбек Опумбаев  роҳбарӣ карданд.

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зуҳуроти терроризм, экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористиро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо доир ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини амният дар сарҳади ду давлат ва муборизаи муштарак бо фаъолияти зараровари ташкилотҳои байналмилалии динӣ-экстремистӣ ва террористӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии мамнӯъ дар қаламрави ҳарду давлат ба мувофиқа омаданд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки  барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо ба мувофиқаи мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ расиданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти кории намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара