Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Дар шаҳри қадимаи Саразм ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад

( 0 Овоз )

9 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои бостоншиносӣ дар шаҳри қадимаи Саразм шинос гардиданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” бо роҳбарии ходимони калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш С. Бобомуллоев, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ва бо иштироки тармимгарон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон Р.Бурҳонов, М. Раҳмонов дар ҳафриётҳои ХI, XII, XIII ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад. Дар ҳафриётҳои​ III, IV ва V бошад корҳои поксозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳудуди ҳафриётҳо барои барқарорсозӣ омода карда шуд.

Бостоншиносон дар якҷоягӣ бо мутахасиссон инчунин нақшаи топографӣ ва нақшаи генералии ҳудуди ёдгории Саразмро таҳия намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ бозёфтҳои тоза ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз ҳудуди мамнуъгоҳ сафолҳои гуногун ва муҳраҳои қадимӣ пайдо гардид, ки бори дигар аз қадимӣ будани Саразм дарак медиҳад. Худи ҳамин рӯз аз ҳафриётҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ханҷари биринҷӣ пайдо гардид, ки ба иттилои олимон хеле қадимӣ маҳсуб меёбад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар ҳамзамон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ошно гардида, барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон дастуру супоришҳо доданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри қадимаи Саразм ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад