Ошибка
  • DB function failed with error number 1194
    Table 'jos_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM jos_vvisitcounter WHERE tm >= '1633806000'
Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 07.10.2021 17:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 07.10.2021 18:31
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар вилояти Суғд - 08.10.2021 08:09
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Спитамен»-ро ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 09:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 12:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд - 08.10.2021 11:32
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 11:16
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 08.10.2021 11:01
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд - 08.10.2021 11:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд - 07.10.2021 10:12

Таъиноти кадрӣ

( 0 Овоз )

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъйин шуданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло — директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон — муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъйин гардиданд.

Сарвари давлат ба мутахассисони ба ин вазифа таъйиншуда дастур доданд, ки бо истифода аз сатҳи касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон ба иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа, талош варзанд.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом — раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Нуралӣ Марҳабо Мир — муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр — муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъйин карда шуданд.

Дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳо ба вазифаҳои сардорони раёсатҳо, аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим — Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба вазифаи Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин — Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъйин гардида, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъйинро барои бо дасту дилу нияти пок баҳри волоияти қонун кор кардан, муносибати ҳамқадами замон аз дидгоҳи нав, мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона ва боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои дигар ҳидоят намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

ШУМО ДАР: Мулоқотҳо Таъиноти кадрӣ