Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти боғпарварони Кооперативи тиҷоратии Шаҳристон шинос гардид.
Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, боғпарварони кооператив дар масоҳати 8 гектар боғи интенсивӣ бунёд кардаанд, ки айни ҳол нашъунамои ниҳолҳо дар сатҳи зарурӣ мебошад. Ба иттилои масъулин барои бунёди боғи мазкур аз шаҳри Турсунзода зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳоли себ оварда шудааст, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки боду ҳавои ноҳияи Шаҳристон дар ҳақиқат барои бунёди боғҳо мусоид буда, таъсиси боғи интенсивӣ дар самти иҷрои Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ амри заруриву саривақтӣ мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз истифодаи самараноки замин дар кооперативи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Зеро тавре мушоҳидаҳо нишон дод, дар қаторҳои миёни ниҳолҳо картошка ва зироати лӯбиёгӣ кишт карда шуда, кишоварзон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода менамоянд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо рафти сохмони сардхонаҳои Кооперативи тиҷоратии Шаҳристон низ ошноӣ пайдо кард. Дар аснои шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сардхонаҳо имконияти захираи 400 тонна картошкаро доро мебошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

























