Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд:
- Мутахассиси пешбари шуъбаи сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1959 сомонӣ 90 дирам;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1959 сомонӣ 90 дирам;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамо — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1959 сомонӣ 90 дирам;
- Мутахассиси шуъбаи сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1612 сомонӣ 40 дирам.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Раёсат;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038/УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
- гувоҳномаи иқомат.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер;
- на кам аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳо ба нишонии зерин пешниҳод карда мешаванд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев, 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилояти Суғд.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рӯзи тақвимӣ мебошад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.




