Эълон: Озмуни вилоятии "Тоҷикистон ватани Наврӯз аст" доир мегардад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд якҷо бо телевизиони «Баҳористон», ширкати сохтмонии «Истиқлол гурӯҳ» ва рӯзномаи «Ворисони Суғд» озмуни вилоятии «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»-ро эълон менамояд.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин расм», «Беҳтарин ролик» ва
«Беҳтарин шеър (шеър бояд эҷод шавад)» гузаронда хоҳад шуд.
Мавод бояд баёнгари расму ойинҳои Наврӯз, зебоии баҳор, табиати диёр ва муҳаббат ба Ватан бошад.
Ҳадафи озмун тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ҳувияти миллӣ миёни наврасону ҷавонон мебошад.
Озмун дар як давр доир гардида, натиҷаҳо дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҷамъбаст карда мешаванд. Ғолибон дар фазои мутантан бо туҳфаҳои хотиравӣ ва армуғонҳои наврӯзӣ қадрдонӣ мегарданд.
Озмун тариқи онлайн баргузор шуда, қабули мавод тавассути Telegram ва WhatsApp бо рақами 92-703-63-67 сурат мегирад.
Маводи иштирокчиён тавассути ТВ «Баҳористон», рӯзномаи «Ворисони Суғд» ва инчунин саҳифаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди бинандагону хонандагон мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд аз рӯи номинатсияҳои зерин мавод пешниҳод созанд:
«Беҳтарин расм» – тасвири табиати афсункор ва баҳории диёр.
«Беҳтарин шеър» – тараннуми баҳор ва Наврӯз, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо сабти овоз).
«Беҳтарин ролик» – навори видеоӣ дар ҳаҷми то 3 дақиқа вобаста ба таърих, суннат ва арзишҳои Иди байналмилалии Наврӯз.
Қабули мавод то 15 марти соли 2026 идома меёбад ва дар озмун наврасону ҷавонони аз 10 то 30-сола иштирок карда метавонанд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд