Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии вилоят барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд:

Сармутахассиси шуъбаи сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ 1 ҷой маоши мансабӣ – 1995 сомонӣ 20 дирам

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ 1 ҷой маоши мансабӣ – 1635 сомонӣ 60 дирам

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва мониторинг 1 ҷой маоши мансабӣ – 1635 сомонӣ 60 дирам

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;  

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-гувоҳномаи иқомат

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои сармутахассис

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;    

 -донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер.

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;    

-донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  малакаи кор бо компютер.

-  на кам аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳо ба нишонаи зерин бояд пешниҳод карда шаванд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилояти Суғд.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рӯз тақвимӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.