Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзи 2 марти соли 2024 ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии вилоят ташкил шуда, макони баргузории ярмарка назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ интихоб шудааст.
Сокинон метавонанд ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка харидорӣ намоянд.