Дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Илм-фуруғи маърифат" аз вилояти Суғд 118 нафар ғолибони даври вилоятӣ, аз ҷумла 82 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳо, 31 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 5 нафар омӯзгорон дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат варзиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки аз вилояти Суғд 31 нафар, аз ҷумла, 4 нафар сазовори ҷойи якум, 7 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 20 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон 5 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонт баргузор мешавад. Ҳадаф аз ташкили озмун рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат буда, он бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст.
Даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз санаи 22-юм то 28-уми октябри соли 2023 дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.