Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" оғоз гардид

25 сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" оғоз шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят хабар додан.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия - математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, ҳайати комиссияи озмун, ҳакамон ва масъулони озмун ширкат доштанд.

Нахуст, Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд зимни баромади худ қайд намуд, ки  бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибест, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад. 

Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.     

Аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гардида, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст. Тайи ду соли охир озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст.

Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии озмун дар соли 2021 беш аз 320 нафар ва дар соли 2022 бошад, 376 нафар довталаб аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Соли ҷорӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат"  бо иштироки  42 ҳазору 718 нафар  довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку деҳоти вилояти Суғд дар сатҳи баланд гузаронда шуд.      

Дар даври дуюми озмун 8 ҳазору 729 нафар иштирок намуда, ба даври сеюм - даври вилоятӣ 1 ҳазору 222 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 955 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 186 донишҷӯи  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти  муассисаҳои  таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 30 нафар омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд.

Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ ва беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод  хоҳанд кард.