Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва намояндагони касбу кори гуногун мулоқот намуда, масъалаи ҷамъоварии саривақтӣ ва пурраи ҳосили пахтаро баррасӣ кард.








