31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 200 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ба таври фосилавӣ шинос гардиданд.








